баромадан

баромадан
[برآمدن]
1. берун шудан, хориҷ гаштан, бадар рафтан; муқоб. даромадан
2. боло шудан, баланд шудан (бо зина, ба бом)
3. тиб. аз ҷо беҷо шудани устухони дасту пой ва ғ.
4. рафтан: ба саёҳат баромадан, ба кӯча баромадан; ба кор баромадан ба кор рафтан; ҳозир шудан ба сари кор; ба пешвози касе баромадан ба пешвози касе рафтан, касеро пешвоз гирифтан, истиқбол кардан
5. расидан
6. рӯидан, рустан; сабз шудан
7. шунида шудан, ба гӯш расидан, баланд шудан (мас., садо)
8. пайдо шудан, ёфт шудан
9. намудор гаштан
10. тулӯъ кардан: офтоб баромадан
11. сар задан, ба вуқуъ пайвастан
12. содир шудан (мас., фармон, қарор)
13. зуҳур кардан
14. бо сифати феълӣ омада, пуррагӣ ва тамомияти амалро ифода мекунад: дида баромадан, хонда баромадан; зӯр баромадан ғолиб шудан, ғалаба кардан; хеш баромадан бо касе маълум шудани хешигарии ҳамдигар; ғолиб баромадан ғалаба кардан, нусрат ёфтан, музаффар гардидан; аз гапи касе баромадан мувофиқи гуфтаи касе амал накардан; нофармонӣ кардан; аз даҳон баромадан гуфта шудан, гуфтан; аз ин мебарояд, ки… аз ин маълум мешавад, ки…; аз ин ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки…; аз кор баромадан а) аз кор хориҷ шудан; б) маҷ. вайрон шудан, корношоям шудан; қобилияти кориро гум кардан; ба кор наомадани чизе; аз хотир баромадан фаромӯш шудан, аз ёд рафтан; аз ӯҳдаи коре баромадан лаёқати иҷрои кореро доштан; кореро иҷро карда тавонистан; ба шавҳар баромадан бо марде ақди никоҳ бастан, зани касе шудан; гапи касе рост баромадан тасдиқ шудани дурустии сухани касе
◊ гап аз як ҷо баромадан як хел будани фикру андешаи чанд кас, ба ҳам мувофиқат кардани фикру гуфтори ду кас; дуд аз ҷигар баромадан сахт андӯҳгин шудан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужен реферат?

Полезное


Смотреть что такое "баромадан" в других словарях:

  • ҷаҳидан — [جهيدن] 1. ҷастан, хез задан, паридан (аз ҷое ба ҷое дар замин); ҷаҳида (берун) баромадан ҷаста баромадан, ҷаста берун шудан; ҷаҳида гузаштан хез карда гузаштан, парида гузаштан; ҷаҳида баромадан хез карда баромадан ба болои мас., асп; ҷаҳида… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • берун — [بيرون] 1. хориҷ; муқоб. дарун: беруни шаҳр; берун аз ҳудуди… дар хориҷи. ., дур аз хоки… 2. хориҷа, кишвари беруна; беруни дар (дарвоза) пушти дар, паси дар, ақиби дар (дарвоза); дари берун дари баромади ҳавлӣ, дари тарафи кӯча; ҳавлии берун… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дуд — [دود] 1. моддаи тираранги абру бухормонанд, ки аз сӯхтани чизе пайдо шуда, ба ҳаво мебарояд: дуди борут, дуди паровоз, дуди сиёҳ (сафед, хокистарранг, ғализи бадбӯ), дуду ғубор 2. маҷ. оҳ; оҳу нола, фиғон; дуди дил оҳу фиғон; сӯзу гудози ботинӣ 3 …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • канор — [کنار] 1. соҳил, лаби об 2. паҳлу; гӯшаи ҳар чиз; тараф, ҷониб; сарҳади ягон ҷой; гӯшаю канор нуқтаҳои дури ҷое, ҷойҳои дурафтода ва дурдаст; канор доштан интиҳо доштан: муҳаббати ӯ канор надошт; канор будан дур будан, дар гӯшаи ҷое будан; канор… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • кӯча — [کوچه] 1. роҳи пиёда ва саворгарди дохили шаҳр ва деҳа 2. маҳалла, гузари истиқомат ё сукунати муайян, ки қад қади роҳе воқеъ шудааст; ба тариқи истиора: дар кӯчаи мардонагӣ…, ба кӯчаи гадоӣ, расвоӣ… даромадан, дар кӯчаи олуфтагӣ… калон шудан;… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гап — [گپ] 1. сухан, калом, гуфтор; гуфтугӯ 2. сухани беасос, лоф 3. маҷ., лаҳҷ. гаштак; гап гап а) гуфтугӯ, чақ чақ, сӯҳбат; б) гапҳои беҳуда, овозаҳои ҳархела, миш миш дар ҳаққи касе (чизе); гапи беҳуда сухани пуч, гапи бемаънӣ; гапи беҷо ҳарфи… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дамидан — I [دميدن] 1. вазидан 2. бод фиристодан бо нафаси худ (мас., ба най), пуф кардан; бод додан бо дами оҳангарӣ 3. варам кардан 4. д. дам андохтан, афсун хондан, куфу суф кардан II [دميدن] 1. сабзидан, рӯидан, якбора ва саросар аз замин баромадан ( и …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • сар — I [سر] 1. узви бадани инсон ва ҳайвон, ки мағз, чашм, гӯш, бинӣ ва даҳон дар он қарор дорад, кала 2. оғоз, аввал, ибтидо; сари бозор, сари кӯча, сари таҳсил, сари тобистон, сари шаб 3. боло, рӯи; сари болин, сари кӯҳ, сари сина 4. нӯг; сари ришта …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • баланд — [بلند] 1. афрошта, боло; муқоб. паст: девори баланд, кӯҳи баланд 2. дароз, навча, муқоб. кӯтоҳ: қади баланд 3. бисёр, зиёд, афзун: иқтидори баланд 4. тез, гузаро, шунаво (оид ба садо, ханда): баланд баланд хондан 5. бисёр сахт, бошиддат: оташи… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бардамидан — [بردميدن] 1. сабзида баромадан, сабзидан; рӯидан, рустан 2. зоҳир (намудор) шудан 3. варам кардан, дамида баромадан, ҷӯшидан 4. дамидан, пуф кардан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»